ABNA24 : Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии раёсати ҷумҳурӣ, Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳурии Эрон дар ҷаласаи ҳайати давлат бо баёни ин ки ҳузури режими саҳюнистӣ ва созмонҳои террористӣ дар ҳавзаи перомунии Эрон қобили таҳаммул нест, гуфт: Сиёсати ҳамсоягӣ бояд дутарафа бошаду манут ба рӯҳияи ҳусни нияту ҳамкории созанда аст.
Раиси ҷумҳурии Эрон ҳамкориҳои созандаро аслитарин омили рушди иқтисодӣ ва рифоҳи ҳамаи миллатҳои минтақа донисту афзуд: Минтақаи Қафқоз қобилияти онро дорад то намунаи хубе аз ин ҳамкориҳои наздик бошад.
Раисӣ ҳамчунин бо таъкид бар ин ки Ҷумҳурии исломии Эрон нисбат ба манофеи миллии худ, ҳушёр ва фаъол аст, гуфт: Ҳузури режими саҳюнистӣ ва созмонҳои террористӣ мисли ДИИШ дар ҳавзаи перомунӣ зидди суботи кишварҳову амнияти минтақа аст ва барои Ҷумҳурии исломии Эрон қобили таҳаммул нест.
342/